Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахт Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 20.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои хуштарҳу замонавии гимназия аз се қисмати 4-ошёна бо таҳхона иборат буда, барои 2560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи нави таълимӣ дар доираи ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» Акбар Ғуломов бо харҷи 42 миллион сомонӣ ба истифода дода шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити нави таълимӣ дар ин муассиса ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкори ватаниро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Сохтмони бинои таълимӣ дар шаҳри Душанбе соли 2018 оғоз шуда, корҳои бунёдкорию паймонкориро мутахассисони Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» бо сифати баланд ба анҷом расондаанд.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» омода гардидааст.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 100 то 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави таълимиро дар арафаи соли нави хониш ва ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд барои хонандагону омӯзгорони пойтахти мамлакат маънидод карданд.
Бинои нави Муассисаи таълимӣ дар пойтахти мамлакат дорои 52 синфхонаи таълимӣ бо 13 кабинети фаннии муҷаҳҳаз бо шароити муосири донишомӯзӣ, аз ҷумла, химия, биология, математика, физика, технологияи иттилоотӣ, география, озмоишгоҳҳо ва таълими меҳнат барои духтарону писарон мебошад.
Омӯзиш дар ин даргоҳи маърифат бо забонҳои тоҷикию русӣ ба роҳ монда шуда, 70 нафар омӯзгори ботаҷриба ба таълиму тарбияи хонандагон ҷалб карда шудаанд.
Китобхонаи барҳавои гимназия дорои қариб 10 ҳазор адабиёти гуногуни таълимию бадеӣ буда, толори хониши он дар асоси меъёрҳои мавҷуда ташкил гардидааст.
Гимназия ҳамзамон дорои маҷлисгоҳ бо 110 ҷойи нишаст, ошхона барои 210 нафар ва нуқтаи тиббӣ мебошад.
Дар муассисаи нави таълимӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни варзиш толори барҳавои варзишии зимистона ва майдончаи бозии тобистона ташкил гардидааст.
Аснои шиносоӣ бо шароити таҳсил дар гимназия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорону масъулин барои ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба омӯзиши донишҳои муосир ва технологияи замонавӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






