Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзодаро ифтитоҳ намуданд

Август 26, 2021 08:33

ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода бинои нави Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъатро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода дар асоси роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари фарҳангпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд карда шудааст.

Бинои нави сеошёнаи иншооти фарҳангӣ – маърифатӣ дар шаҳри Турсунзода аз 15 синфхонаи муҷаҳҳаз, аз ҷумла рассомӣ, фортепианно, рубобҳои гуногун, дутор, карнай, доира, овозонии эстрадию шашмақом, хореографӣ, толори хурди консертӣ, китобхона ва 3 утоқи маъмурият иборат мебошад.

Корҳои сохтмониро дар муассисаи фарҳангӣ 20 нафар мутахассиси ватанӣ бо истифода аз унсурҳои хоси санъати меъмории миллӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир ба анҷом расондаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имконоти фароҳамгардида дар бинои нави муассисаи фарҳангӣ дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати истифодаи пурраю самаранок аз шароити фароҳамгардида бо мақсади тарбияи дурусти насли наврас ба омӯзгорон даструру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Дар Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода барои омӯзиши нозукиҳои гуногуни санъат ба 220 ҳунаромӯз 25 нафар омӯзгори ботаҷриба ба фаъолият ҷалб гардидааст.

Омӯзиш дар мактаби санъат аз 5 то 7 солро дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода соли 1961 таъсис ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити ҳунаромӯзии наврасон дар он ба талаботи замон мувофиқ карда шудааст.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар заминаи таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ба рушду густариши фарҳанги миллӣ биноҳои нави таълимию корӣ дар ин соҳа бунёд гардида, пояҳои санъати миллӣ устувору беҳтар ва арзишҳои хоси давлатдории тоҷикон эҳё карда шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави Мактаби кӯдаконаи санъат дар шаҳри Турсунзодаро дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорону ҳунаромӯзони он туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат маънидод карда, ба масъулон ҷиҳати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги пурғановату оламшумули миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода 26.08.2021

Август 26, 2021 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон