625 нафар занони хонанишини деҳот бо шуғли парандапарварӣ фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 02.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар доираи татбиқи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» бо мақсади зиёд намудани саршумори парандаҳои хонагӣ, таъминоти бозори маҳаллӣ бо гӯшти парҳезӣ, тухм, инчунин зиёд намудани маҳсулоти дохилӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани занони деҳот 125 гурӯҳи ташаккули фаъолияти даромадовар барои занон бо фарогирии 625 зан дар самти парандапарварӣ бо инкубатори чӯҷабарори хонагӣ дастгирӣ карда шуд,- гуфт 30 июл зимни нишасти матбуотӣ Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода.
Абдулаҳад Хоҷазода афзуд, ки дар ин давра бо истифода аз инкубаторҳои дастрасгардида ба миқдори 22 ҳазору 267 сар чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 10 ҳазору 881 сар чӯҷаи мурғи марҷон истеҳсол карда шуд.
Ҳамзамон ба 497 нафар занони ниёзманди деҳаҳои зерҳадафи лоиҳа 2412 сар чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 890 сар чӯҷаи мурғи марҷон ройгон дастрас гардид.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






