625 нафар занони хонанишини деҳот бо шуғли парандапарварӣ фаро гирифта шуданд

Август 2, 2021 08:41

ДУШАНБЕ, 02.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар доираи татбиқи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» бо мақсади зиёд намудани саршумори парандаҳои хонагӣ, таъминоти бозори маҳаллӣ  бо гӯшти парҳезӣ, тухм, инчунин зиёд намудани маҳсулоти дохилӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани занони деҳот 125 гурӯҳи ташаккули фаъолияти даромадовар барои занон бо фарогирии 625 зан дар самти парандапарварӣ бо инкубатори чӯҷабарори хонагӣ дастгирӣ карда шуд,- гуфт 30 июл зимни нишасти матбуотӣ Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»  Абдулаҳад Хоҷазода.

Абдулаҳад Хоҷазода афзуд, ки дар ин давра бо истифода аз инкубаторҳои дастрасгардида ба миқдори 22 ҳазору 267 сар чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 10 ҳазору 881 сар чӯҷаи мурғи марҷон истеҳсол карда шуд.

Ҳамзамон ба 497 нафар занони ниёзманди деҳаҳои зерҳадафи лоиҳа 2412 сар чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 890 сар чӯҷаи мурғи марҷон ройгон дастрас гардид.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»   

Август 2, 2021 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 5 моҳи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ месозад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд