Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49-ро дар деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғайрати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот сеошëна буда, дорои 16 синфхонаи таълимӣ, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ëрирасон мебошад.
Муассисаи нави таълимӣ барои 850 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ барои футболи хурд, волейбол ва баскетбол бунёд гардида, атрофи иншоот ободу зебо карда шудааст.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49 дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Урунбой Нурматов бунёд гардидааст.
Зимни ифтитоҳи иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои кӯҳнаи муассиса соли 1958 сохта шуда, аз 3 синфхона ва ҳуҷраи омӯзгорон иборат буд.
Қаблан дар муассисаи таълимӣ 9 омӯзгор ба таълиму тарбияи 106 хонанда машғул буданд. Дар мактаби кӯҳна норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон ва набудани имкони созгори таҳсил аз мушкилоти асосӣ дониста мешуд.
Дар ин росто ҳамасола афзоиш ёфтани шумораи хонандагон дар деҳаи Ғайрати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ва ҳавасмандии насли наврас ба омӯзиши илмҳои замон зарурати бунёди муассисаи таълимии наву замонавиро тадриҷан дучанд месохт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори маҳаллиро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи дониш ифтитоҳи иншоотро туҳфаи арзанда ба омӯзгорону хонандагон ва қадами устувор дар самти рушди соҳаи маорифи шаҳр маънидод намуданд.
Бояд гуфт, ки бо истифода аз имкони созгори таълиму тарбия омӯзгорон бо ҳисси баланд барои дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас кӯшиш карда, дар ин росто ояндасозони ватан низ дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ба омӯзиши илмҳои замон бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон






