ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Ба шарафи ҷашни миллӣ дар Роғун 113 иншоот ба истифода дода шуданд

Август 27, 2021 11:56

РОҒУН, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпеша ва саҳми аҳолию дастгирии мақомоти иҷроия дар ҳудуди  шаҳри Роғун бунёди 145 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 113 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Абдулмумин Худойдодов.

Зикр шуд, ки дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома доранд. Аз 145 иншооти нақшавӣ 15 адад ба соҳаи  маориф, 7 иншоот ба соҳаи  тандурустӣ,  10 иншоот ба соҳаи  фарҳанг, 9 иншоот ба соҳаи варзиш, 7 иншоот ба соҳаи кишоварзӣ, 19 иншоот ба соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рост омада, 8 адад корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ва  4-то ҳаммом ва кошонаи ҳусн мебошанд. То имрӯз дар ҳамаи иншооти ба истифода дода шуда 1079 ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ муҳайё карда шудааст.

Тибқи иттилои  масъулини ҳукумати шаҳри Роғун,  моҳи сипаригардида дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҳаллаи Ёли гармобаи Ҷамоати деҳоти Қади об кошонаи ҳусн ва мағозаи хӯрокворӣ, дар маҳаллаи Майдони нави шаҳри Роғун Маркази ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва дорухона, дар деҳаи Ҷавонӣ маркази хизматрасонӣ, иборат аз кошонаи ҳусн, мағоза, нуқтаи шустушӯйи мошин ва таъмири нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, 2 километр роҳи деҳаи Ҷавонӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ асфалтпӯш карда шуд.

Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Август 27, 2021 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид