ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҷамоати деҳоти Ворух мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Дӯстӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 12.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Дӯстӣ оғоз ёфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Роҳи мазкур ба масофаи 2 км ва паҳнои 6 метр бо ташаббуси сокинони маҳалла мумфарш мегардад.
Тавре раиси Ҷамоати деҳоти Ворух Меҳринисо Раҳматова мегӯяд: «то ба имрӯз сокинони ҷамоати Ворух 14 километр роҳҳоро таъмиру мумфарш намудаанд ва кор дар самти ободонии роҳҳо ва бунёду азнавсозии пулҳо бо иқдоми аҳолӣ беш аз пеш тақвият меёбад».
Бино ба гуфтаи номбурда, корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва корхонаву муассисаҳои шаҳри Исфара беш аз пеш вусъат меёбад.
АКС: Хадамоти матбуоти вилояти Суғд








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






