ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ишкошим 24 иншоот бунёд ва 56 адад навсозӣ шуданд

Август 16, 2021 14:33

ХОРУҒ, 16.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим бинои нави беморхонаи минтақавии дорои 30 кат ба истифода дода мешавад. Он бо кумаки молии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бунёд мегардад.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, барои бунёди бинои мазкур, ки аз ду ошёна иборат аст, 6 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Дар ошёнаи аввали он шуъбаи таваллудхона, маркази ёрии таъҷилӣ ва дар ошёнаи дуюм шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва бемориҳои дарунӣ ҷой гирифтаанд. Масъулини Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Вахон», ки сохтмони бинои мазкурро бар дӯш доранд, талош мекунанд, ки беморхонаро дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба дасти табибон супоранд.

Раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода гуфт, ки “деҳаи Вранг аз ҷумлаи деҳотест, ки аз маркази маъмурии вилоят ва маркази ноҳия хеле дур буда, интиқоли бемори вазнине, ки ба ҷарроҳии фаврӣ  ниёз дорад, вақти зиёд металабад. Баъди ба истифода додани ин беморхонаи минтақавӣ сокинони деҳоти атроф низ метавонанд бо истифода аз мошинҳои маркази ёрии таъҷилӣ дар фурсати  кӯтоҳ  беморонро ба ин ҷо интиқол диҳанд. Ҳамагӣ як сол пеш дар ҳамин деҳа хонаи фарҳанг, мактаби санъату рассомӣ ва маркази фарҳангию фароғатӣ мавриди истифода қарор дода шуданд”.

Раиси ноҳия бо изҳори сипос аз кумаку дастгириҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ баён дошт, ки соли равон шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи маркази ноҳия низ пурра аз таъмиру таҷдид бароварда шуд.

Имсол дар ноҳия 56 иншоот навсозӣ шуда, 24 иншоот, ба шумули хати оби нӯшокӣ, бинои маъмурии филиали рақами 72-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», анбори нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, Маркази рушди барвақтии кӯдакон ва амсоли инҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Корҳои сохтмонӣ дар чанд иншооти дигар низ идома доранд, ки дар остонаи ҷашни муқаддаси миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.

 

 АКС аз АМИТ «Ховар»

Август 16, 2021 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд