ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Турсунзода то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 30 километр роҳҳо таъмири пурра мешаванд

Август 7, 2021 09:26

ТУРСУНЗОДА, 07.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ бунёди 382 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 322 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома доранд. Ҳамчунин дар баробари бунёди иншоот то рӯзи  ин ҷашни фархунда 30 километр роҳҳои шаҳр аз таъмири пурра бароварда мешаванд. 

Котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки “имрӯзҳо  дар иншооти ҷашнӣ  корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар арафаи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпеша ва саҳми аҳолию дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иншооти гуногун ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, муассисаи томактабӣ дар деҳаи Аскаралӣ Мирзоеви Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов аз ҷониби хоҷагидор Мақсуд Мамадҷонов, муассисаи томактабӣ, бинои муассисаи таълимӣ, иборат аз се ошёна  бо  640 ҷойи нишаст, майдончаи варзишию иншооти ёрирасон дар назди ин муассиса  дар деҳаи Ғайрати Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов ва дар назди Хонаи кӯдакон биноҳои таълимии Литсей-интернат барои хонандагони болаёқат  мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Тибқи маълумоти масъулин, корҳои сохтмонӣ дар муассисаи томактабии деҳаи Аскаралӣ Мирзоев дар ошёнаҳои якуму дуюм ба итмом расида, насби дару тирезаҳо ва сақфи ҳуҷраҳо бо маром идома дорад. Корҳои сохтмонӣ тибқи нақша ва бо сифати баланд иҷро гардида истодаанд. Ҳамчунин корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии деҳаи Ғайрат ба охир расида, рангу бор ва пардози синфхонаҳо дар арафаи анҷомёбист. Бунёди майдончаи варзишӣ ва иншооти ёрирасони мактаб рӯзҳои наздик анҷом  меёбад.

Фирӯз Холиқов зикр намуд, ки имрӯзҳо атрофи бинои Хонаи кӯдакони шаҳр  ба корзори бузурги созандагӣ  табдил гардидааст. Бо мақсади кумак ба сохтмончиён ва сари вақт мавриди истифода қарор додани биноҳои таълимӣ аз ҷамоатҳои деҳот ва якчанд ташкилоти дигари шаҳр ҷавонмардони бонангу номус ба ҳашар омада, дар кори  андова намудани боми иншоот саҳм гузоштанд. Дар ҷараёни амали созанда ва кори хайр муовини якуми раиси шаҳр Сайдамин Остоназода иштирок намуда, ба ҳашарчиён аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос намуд.

 

АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Август 7, 2021 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд