ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шаҳринав 377 иншоот бо харҷи беш аз 45 млн сомонӣ ба истифода дода шуданд
ШАҲРИНАВ, 01.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бунёди 445 иншоот ба нақша гирифта шуда, 377 иншоот бо харҷи 45 миллиону 563 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 1027 ҷои кори доимӣ ва 1304 ҷойи кори мавсимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Ҳоло дар 68 иншооти таъйиноташон гуногун корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Ин матлабро раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 122 миллиону 553 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 миллиону 848 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра кишоварзони ноҳия дар майдони 363 гектар картошка кишт намуданд. То имрӯз аз 185 гектар картошка 3997 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст, ки ба ҳар гектар 216 сентнерӣ рост меояд.
Зикр шуд, ки то якуми июли соли равон дар 727 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ, аз қабили ҷуворимакка, шолӣ, картошка, лӯбиёгиҳо ва дигар намуди зироати полезӣ гузаронида шуд.
Дар ин давра кишоварзони ноҳияи Шаҳринав ба хориҷи кишвар 1564 тонна пиёз ва 273 тонна гелос содирот намуданд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






