ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шаҳринав 377 иншоот бо харҷи беш аз 45 млн сомонӣ ба истифода дода шуданд

Август 1, 2021 08:37

ШАҲРИНАВ, 01.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бунёди 445 иншоот ба нақша гирифта шуда, 377 иншоот бо харҷи 45 миллиону 563 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 1027 ҷои кори доимӣ ва 1304 ҷойи кори мавсимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Ҳоло дар 68 иншооти таъйиноташон гуногун корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Ин матлабро раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода  зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 122 миллиону 553 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 миллиону 848 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра кишоварзони ноҳия дар майдони 363 гектар  картошка кишт намуданд. То имрӯз аз 185 гектар  картошка 3997 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст, ки ба ҳар гектар 216 сентнерӣ рост меояд.

Зикр шуд, ки то якуми июли соли равон дар 727 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ, аз қабили ҷуворимакка, шолӣ, картошка, лӯбиёгиҳо ва дигар намуди зироати полезӣ гузаронида шуд.

Дар ин давра кишоварзони ноҳияи Шаҳринав ба хориҷи кишвар 1564 тонна пиёз ва 273 тонна гелос содирот намуданд.

 

АКС  аз АМИТ «Ховар»

Август 1, 2021 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 41 иншоот ба истифода дода мешавад
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар ноҳияи Шаҳринав бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд