ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шуғнон 78 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 17.08.2021 /АМИТ«Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёди 87 иншоот ба нақша гирифта шуда, 78 иншооти гуногуни зарурӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар дигар иншооти ҷашнӣ айни ҳол корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, корҳои банду васлнамоӣ ва ороишӣ дар аксарият ифрасохтор ба итмом расонида шудаанд.
Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иттилоъ медиҳад, ин матлаб имрӯз дар ҷаласаи навбатии назди раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз карда шуд.
Дар кори ҷаласа роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Зимни баргузории ҷаласаи корӣ масъалаи омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон дар кори ҷаласа вусъати корҳои сохтмонӣ, ҷамъбаст ва татбиқи барномаҳои пешбинишуда ва дигар масъалаҳо, аз ҷумла омодагӣ ба даъвати ҳарбӣ баррасӣ шуданд.
Вобаста ба бартараф намудани камбудиҳо ва то охири моҳи августи имсол иҷро намудани корҳои банақшагирифта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
АКСҲО аз МИҲД-и н. Шуғнон








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






