ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Суғд корҳои барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 10.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд таҷдиду барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд ҷараён дорад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Азнавсозии қалъа ва бунёди иншооти зарурӣ дар ҳудуди он бо риояи унсурҳои қадимӣ ва санъати меъмории миллӣ бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои барқарорсозӣ ва бунёди иншоот дар Қалъаи Хуҷанд шинос шуда, барои суръатбахшии корҳо ба масъулин супоришҳо дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади ҳифзи мероси фарҳангӣ айни замон бо ҷалби устоҳову ҳунармандони номии вилоят, меъморону гаҷкорон, рассомону кандакорон корҳо дар авҷ буда, ҳамзамон аз минтақаи Риштони вилояти Фарғона низ ҳунармандон ҷалб гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки Қалъаи Хуҷанд дар тӯли садсолаҳо ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст. Ҳифзу барқарорсозии ин ёдгории таърихӣ барои муаррифии таъриху фарҳанг ва маданияти миллати тоҷик амри зарурӣ мебошад.
Сипас, Раиси вилоят ба корҳои азнавсозии Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ошно шуда, баҳри бо сифати баланд ба иҷро расонидани корҳо тавсияҳо дод.
Бинои театр солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда, дорои 530 ҷойи нишаст мебошад ва он ҳамакнун бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят навсозӣ карда мешавад. Дар театр беш аз 150 корманди эҷодию техникӣ фаъолият доранд ва дар он 63 утоқи корӣ ва хоҷагӣ вуҷуд дорад.
АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






