ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Сокинони Мурғоб ҷашни Истиқлоли давлатиро дар майдони навбунёди Парчами давлатӣ истиқбол мегиранд
ХОРУҒ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии ноҳияи Мурғоб майдони Парчами давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бадахшон интернейшнл», талош мекунанд на танҳо сутунпояи парчамро сари вақт ва бо сифтаи баланд ба истифода диҳанд, балки атрофи онро ба манзараи зебо, диданӣ ва истироҳатгоҳи орому форам табдил диҳанд. Сардори ҷамъияти мазкур Зунун Абликеев гуфт, ки “баландии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон 35, дарозии матои он 65 ва паҳноияш 41 метрро ташкил медиҳад. Ноҳияи Мурғоб аз сатҳи баҳр дар баландии 3,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, табиист, ки аз ҷиҳати мавқеи ҷойгиршавӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ яке аз баландтарин парчам ба шумор меравад”.
Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар майдони Парчами давлатӣ ва суҳбат бо коргарону сокинони маҳаллӣ изҳор дошт, ки «дар оянда ин майдон на танҳо ба яке аз маконҳои муқаддаси ноҳияи мо табдил хоҳад ёфт, балки маскани баргузории тантана, иду маросими давлатию мардумӣ мегардад ва ҳар яке аз шумо, бинокорон ба фарзандону наберагони худ бо ифтихор хоҳед гуфт, ки дар бунёди ин майдон ман низ ширкат доштам».
Раиси ноҳия аз хизматҳои Пешвои миллат дар эҳёи муқаддасоти миллӣ бори дигар ёдовар шуда, баён дошт, ки “имрӯз агар ба ҳар гӯшаву канори кишвар сафар кунед, Парчами серангаи Тоҷикистонро аз дур мебинед ва ҳисси ифтихор тамоми рӯҳу равони шуморо фаро мегирад.
Пешвои миллат дар робита ба бунёди майдони Парчами давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар пайваста таъкид мекунанд, ки «барафрохта шудани Парчами давлатӣ дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳоти кишвар нишонаи возеҳи таҳким ёфтани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳову арзишҳои миллӣ ва оину суннатҳои давлатдории халқамон мебошад».
Дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шудани майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Мурғоб ба ин иди муқаддаси миллӣ шаҳомату ҷилои тоза хоҳад бахшид.
Аксҳо аз АМИТ «Ховар»








Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






