Аксияҳои «Тозагии маҳал» ва « Тозагии соҳил» дар куҷо гузаронида шуданд? Суратгузориш аз партовҳои дарёча ва канали ноҳияи Рӯдакӣ
РӮДАКӢ, 22.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мутаассифона, имрӯзҳо дар арафаи ҷашни бузурги таърихии 30- солагии Истиқлоли давлатӣ, оғози соли нави таҳсил ва хуруҷи бемориҳои сироятӣ селпартои Бачамазор ё дарёчаи маркази ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин каналу ҷӯйборҳои маркази ноҳия аз сабаби беаҳамиятии масъулини соҳа пур аз алафҳои бегонаю партовҳои истеъмолии пластикию полиэтиленӣ ва ғарами партовҳо гардидаанд.
Тозагию нафосат, поку озода намудани маҳали зист ва назди соҳил, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ободу хуррамгардонии диёри хеш яке аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар ҳама ҳолат муҳимтарин вазифаи инсоният- ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб рафта, имрӯз ҳам амалисозии ин самти сиёсати давлат метавонад омили муҳими пешгирӣ аз пайдоиши ҳама гуна бемориҳои сироятӣ бошад.
Ҳарчанд шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ дар 7 моҳи соли равон ҳисобот пешниҳод намудааст, ки бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аксияҳои «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» ва ҳашарҳои дастҷамъона гузаронидааст, вале ин аксҳо исбот менамоянд, ки моҳҳо боз ин каналу дарёча аз партовҳо тоза нашуда, дар инҷо нисбат ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии маркази ноҳия ягон нафар аҳамият намедиҳад.
Аз ин рӯ хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд баҳри таъмини амнияти саломатии сокинону меҳмонони ноҳияи Рӯдакӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ аксҳои дирӯз гирифтаи худро аз як қисмати ин каналу дарёча, ки аз маркази ноҳия мегузарад, пешкаши масъулини соҳа мегардонад, то роҳбарияти Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии ноҳияи Рӯдакӣ, шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия, роҳбарияти корхонаи Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия ва муовинони раиси ноҳияи Рӯдакӣ масъулият эҳсос намоянд.
Хуб мешуд, бо мақсади беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ дар ноҳия ин навбат воқеан ҳам аксияҳои «Тозагии маҳал» ва « Тозагии соҳил» гузаронида, ҷӯйборҳо ва каналу дарёчаи маркази ноҳияро аз партовҳо тоза намоянд. Масъулини ноҳия бояд дарк намоянд, ки моро дар пеш ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ интизор аст.
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»













«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






