Ҷаласаи шашуми вазирони кишоварзии давлатҳои узви СҲШ тариқи онлайнӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 09.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 август, дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи шашуми вазирони кишоварзии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) тариқи онлайни баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати байналмилалии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҷаласаи шашуми вазирони кишоварзии давлатҳои узви СҲШ дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ барои солҳои 2020-2021 баргузор мегардад.
Дар ҷаласа роҳбарони сохторҳои амнияти озуқаворӣ, байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растани тариқи онлайни иштирок менамоянд.
Интизор меравад, ки дар доираи он масъалаҳои вобаста ба ҳамкории давлатҳои узви СҲШ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гарданд.
АКС аз бойгонӣ








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






