Асари «Қонуни тиб»-и Абӯалӣ ибни Сино ба нашр расид

Август 28, 2021 09:05

ДУШАНБЕ, 28.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Қонуни тиб»-и шоир ва олими барҷастаи тоҷик   Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино  ба чоп расид. Дар ин хусус Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Ин китоб, ки ҳудуди 1000 сол фақат нусхаи арабии он дастрас буд, қаблан ба забони  форсӣ ва хатти сирилик дар чанд ҷилд мунташир шуда буд. Нашри наву мукаммали «Қонуни тиб» бо тарҷумаи донишманди маъруфи тоҷик Сайиднуруддин Шиҳобуддинов, ки дар камоли зебоӣ аз забони арабӣ ба порсии дарии замони Ибни Сино бо риояи низоми волои илмии замони муосир анҷом шудааст, бори аввал ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури хонандагон мегардад.

Ибни Сино ҳанӯз ҳангоми дар Гургон буданаш (соли 1012) бо хоҳиши яке аз дӯстони бисёр наздикаш, ки ба қавли худи ӯ, дархости ӯро рад кардан номумкин будааст, ба таълифи китоби «ал-Қонун» мепардозад ва дар он ҷо китоби аввали онро ба анҷом мерасонад. Сипас, ин корро дар Рай ва Ҳамадон давом дода, тақрибан соли 1024 аз таълифи комили он фориғ мешавад.

Ҳадафи Ибни Сино аз таълифи ин китоб, чунонки худи ӯ дар муқаддима ёдовар мешавад, ин будааст, ки «муҳимтарин қонуну қоида ва асосҳои умумию ҷузъии илми тибро ба қадре, ки донистани он барои ҳар пизишки мутавассит ногузир аст, ба таври бисёр мӯҷаз дар як китоби мухтасар гирд оварад».

     Акс аз Вазорати фарҳанги ЧТ

Август 28, 2021 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд