Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷилди 20-уми силсиламаҷмӯаи Пешвои миллат — «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ба нашр расид

Август 28, 2021 09:52

ДУШАНБЕ, 28.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Ирфон» ҷилди 20-уми силсиламаҷмӯаи Пешвои миллат- «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» дар сатҳи баланд аз чоп баромад. Ин маҷмӯа матни суханрониҳо, маърӯзаҳо, мусоҳибаҳо, изҳорот, муроҷиатномаҳо ва паёмҳои табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз 15 январ то 31 декабри соли 2020 дар бар мегирад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз нашриёти «Ирфон».

Бояд гуфт, ки Муассисаи нашриявии «Ирфон» шурӯъ аз соли 2002 силсиламаҷмӯаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ва аз соли 2006 тарҷумаи русии он- «Независимость Таджикистана и возрождение нации»-ро оғоз намуд, ки то имрӯз 20 ҷилди он бо забони тоҷикӣ ва 18 ҷилд бо забони русӣ ба табъ расидаанд. Ҳамзамон барои осон гардидани раванди таҳқиқ бори аввал дар ҷилди 20-и силсиламаҷмӯа мураттибон се навъи кумакфеҳристи библиографӣ, аз қабили феҳристи мавзӯъҳо, феҳристи номҳои ҷуғрофӣ ва феҳристи ашхосро дар шакли васеъ ва мукаммал ҷой додаанд, ки истифодаи босамари ин кумакфеҳристҳо барои пажӯҳандагони риштаҳои гуногуни илм муфид хоҳад буд.

Зимнан бояд гуфт, ки ин силсиламаҷмӯа бо теъдоди 1000 нусха бо сатҳ ва сифати баланди полиграфӣ ба нашр расидааст. Мувофиқи таҳлилҳои амиқ дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор китобхона фаъолият менамоянд, ки бо чунин теъдод ба нашр расидани ин китоби меҳварӣ дар даврони ҷаҳонишавӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо, ки хатари мағзшӯӣ ва таҳмил кардани забону фарҳанг рӯи миллати дигарро чун пайомад ба бор меорад, ҳоло ҳам қаноатмандкунанда нест.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Муассисаи нашриявии «Ирфон», номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбон Ғуломзода иброз дошт, дар ин давраи ҳассосе, ки ҷангҳои фарҳангӣ дар фазои иттилоотӣ ба шиддат сурат гирифта истодаанд, бо теъдоди зиёд нашр намудани китоби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», ки тарғибкунандаи рӯҳи истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ, ормонҳои миллӣ, ҳимоя аз асолати фарҳангӣ ва тамомияти арзист, айни муддао хоҳад буд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар мамолики хориҷ китобҳое, ки дар роҳи ҳимояи манофеи миллӣ навишта мешаванд, бо теъдоди хеле зиёд ва аз ҷиҳати полиграфӣ дар сатҳи баланд нашр гардида, дастраси хонандагон мешаванд ва ҳамзамон  бо инобати талаботи ҷомеа пайваста бознашр мегарданд.

Қурбон Ғуломзода пешниҳод менамояд, ки хуб мешуд, силсиламаҷмӯаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» бо теъдоди муайян бознашр гардида, ба китобхонаҳои вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли моликият дастрас карда шавад. Агар ин кор воқеъбинона сурат бигирад, барои боз ҳам мустаҳкам гардидани истиқлолу ваҳдати комили миллӣ ва тарғибу ташвиқи асолати фарҳангӣ миёни ҷавонон нақши бориз хоҳад гузошт.

Август 28, 2021 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид