Баъди ба анҷом расонидани корҳои барқарорсозии НБО «Норак» иқтидори лоиҳавии он 8-10 фоиз афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 02.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баъди пурра ба анҷом расонидани корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» иқтидори лоиҳавии неругоҳ 8-10 фоиз афзоиш ёфта, аз 3 000 МВт то 3300 МВт расонида мешавад. Ҳамчунин истеҳсоли неруи барқ низ афзоиш ёфта, муҳлати истифодаи таҷҳизот зиёд мегардад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи мавсуф, вобаста ба маблағгузории марҳилаи 2- юми лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 50 миллион доллари ИМА ҷудо гардид. Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд бо вазорату идораҳо мувофиқа шуда, 3 декабри соли 2020 ба имзо расонида шуд. Созишномаи мазкур 11 марти соли равон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
«Лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» асосан дар НБО-и «Норак», дар ҳудуди шаҳр Нораки вилояти Хатлон амалӣ шуда истодааст,- гуфт муовини якуми раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст






