Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо «Rietumu Bank» тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва «Rietumu Bank»-и Латвия дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо намояндагони Бонки «Rietumu Bank»-и Латвия Леонид Эстеркин — Раиси Шӯрои бонк ва Эммануил Гриншпун – ноиби Президенти бонк, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, дар Душанбе баррасӣ гардид.
Аз БМТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва намояндагони бонки «Rietumu Bank» вазъи кунунии низоми бонкии мамлакат, дурнамои рушди соҳа дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат, ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ, густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути истифодаи технологияҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон имконияти ба роҳ мондани ҳамкории бонки «Rietumu Bank» бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода оид ба низоми бонкии Тоҷикистон ва дигаргуниҳое, ки дар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, маълумот дод.
Зикр шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахши бонкдории кишвар, фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шуда, «Rietumu Bank» метавонад дар ҷумҳурии мо бо имконияти бештару беҳтар ва ба манфиати ҳарду ҷониб ба бозори молиявӣ ворид гардида, дар рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузорад.
Намояндагони «Rietumu Bank» ҳавасмандии худро ҷиҳати роҳандозии муносибатҳои судманди дуҷониба иброз намуданд.
Бонки «Rietumu Bank»- яке аз бонкҳои бонуфузи тиҷоратии Латвия буда, аз рӯи ҳаҷми дороиҳо ба панҷгонаи калонтарин бонкҳои Латвия шомил мегардад.
Аксҳо аз БМТ










Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад






