COVID-19. Дар ноҳияи Муъминобод сокинони аз 18-сола боло ба ваксинатсия фаро гирифта шудаанд

Август 7, 2021 09:47

МУЪМИНОБОД, 07.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маркази иммунопрофилактикаи ноҳияи Муъминобод баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 бо дастрасӣ ба ваксина бар зидди ин беморӣ сокинони аз 18-сола болоро ба ваксинатсия фаро гирифтааст.

Директори Маркази иммуннопрофилактика Зебунисо Соҳибова зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” иброз дошт, ки «дар давраи якуми ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19  1000 нафар кормандони соҳаи тиб фаро гирифта шуданд. Дар давраи дуюм аллакай 1500 нафар сокинони аз 18-сола болоро ваксинатсия кардем. Дар марказ тамоми шароит барои пурра аз ваксинатсия гузаронидани сокинони ноҳия фароҳам оварда шудааст».

Дар баробари кушодани нуқтаҳо барои ваксинатсия як қисми сокинон дар манзилҳои зисташон аз муоина гузашта, ваксина мегиранд. Мутахассисони соҳа мегӯянд, ки ваксинатсия масунияти баданро қавӣ гардонида, ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории COVID-19-ро бартараф мекунад.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологӣ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва кормандони Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар марказҳои савдою хизматрасонӣ, бозорҳо ва ташкилоту корхонаҳои ноҳия ба сокинон ниқобҳои яккаратаи тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз ин беморӣ тақсим намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Инчунин дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо пайваста корҳои безараргардонӣ ба роҳ монда шудаанд.

Тадбири дигари пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ-ин риояи гигиенаи шахсӣ ва тозаю озода намудани муҳити зист мебошад. Дар ин самт низ дар ноҳияи Муъминобод корҳо идома дошта, аксияҳо ва ҳашарҳои дастаҷамъона ташкилу роҳандозӣ мешаванд.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»

Август 7, 2021 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд