Дар Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст шуд

Август 12, 2021 16:39

ДУШАНБЕ, 12.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардида, Шоҳҷоизаи озмун насиби омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 Замира Шукурова гардид. Дар  ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон  хабар медиҳад.

Дар ҷамъбасти озмун Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз раванди дастгириву пуштибонии ҳамешагии аҳли илму маърифат ва хонандагону донишҷӯён, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илму донишомӯзӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.

Мавсуф афзуд, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат»-ро далели дастгириҳои пайвастаи аҳли илму адаб маънидод намуд.

Сипас, муовини раиси шаҳр, раиси комиссияи шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Хуршед Сатторзода оид ба раванди баргузории даври дуюми озмуни мазкур ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки аз даври аввал ба даври шаҳрӣ 145 нафар ғолибон номнавис гардида, дар даври шаҳрӣ 52 нафар ғолибият ба даст оварда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Ба ғолибони даври шаҳрӣ, омӯзгороне, ки барои омода намудани шогирдон саҳмгузорӣ намуданд бо мукофотҳои пулӣ ва сипосномаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки баҳри иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қарори раиси шаҳри Бӯстон қабул шуда, тибқи Низомнома моҳи май дар ташкилоту муассисаҳо ва моҳи июл дар сатҳи шаҳр озмуни мазкур доир гардид.

  АКСҲО: МИҲД-и ш. Бӯстон

Август 12, 2021 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид