Дар Бадахшон ҷаласаи Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд

Август 27, 2021 13:35

ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ ҷаласаи Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назди муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Ситоди байниидоравии макомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят, генерал-лейтенанти милитсия Абдураҳмон Аламшозода баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои таъмини ҳифзи сарҳади давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раиси Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилии ВМКБ Рустам Имомбердиев зимни ироаи масъалаҳои марбут ба фаъолияти Шӯро давоми соли равон зикр кард, ки аъзои Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар РВКД ВМКБ дар самти пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатӣ, мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолияти назаррас нишон медиҳанд.
Собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ зимни ҷаласаи Шӯро иброз доштанд, ки барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва фаъолияти хизматии кормандони ҷавони милитсия саҳми назаррас мегузоранд.

Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ А.Аламшозода, роҳбари Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят аз даргириҳо ва авзои ноамну ногувори минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳар лаҳза метавонанд ба оромӣ ва сулҳу суботи кишвар халал расонанд.

Мавсуф афзуд, ки «дар пеш чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, аз қабили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешаванд ва ҳар яки моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои сазовор ҷашн гирифтани маъракаҳои муҳими сиёсӣ масъулияти баланд нишон диҳем».

АКС аз ВКД  ҶТ

Август 27, 2021 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд