Дар БМТ қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар бонкҳо баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев вобаста ба қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳо ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва шахсони масъули бонкҳои ваколатдори кишвар иштирок намуданд. Дар ин бора аз БМТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ҷамолиддин Нуралиев доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон ироашуда таҳия гардидааст, маълумот дод. Таъкид шуд, ки қонуни мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳия, қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Ҳадафи он ворид гардидани сармояи иловагӣ ба низоми молиявӣ-бонкӣ ва ба ин васила бештар гардидани маблағгузориҳо ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, таъсиси ширкатҳои нав, беҳтар гардидани сармояи оинномавии ширкатҳои амалкунанда ва таъсиси ҷойҳои кории нав, ба иқтисодиёти расмӣ баргардонидани маблағҳои андозсупорандагон аз иқтисодиёти пинҳонӣ, коҳиши сатҳи иқтисодиёти ғайрирасмӣ, вусъати гардиши коғазҳои қиматнок, рушди маблағгузории сохтмони молу мулки ғайриманқул, маблағгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, воридшавии сармоя аз хориҷи кишвар ва беҳтар гардидани мавқеи тавозуни пардохти ҷумҳурӣ мебошад.
Зикр шуд, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои зикршуда аз ҷониби БМТ тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд. Аз ҷумла, қарори Раёсати БМТ «Дар бораи талаботи махсус ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд, намунаи шакли шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ дар варақаи махсус, шакли ҳисобот ва рӯйхати бонкҳои ваколатдор» қабул шуд. Он барои бонкҳои ваколатдор мутобиқи рӯйхати тасдиқшуда ё филиалҳои онҳо риояи қоидаҳои иловагиро ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд, муқаррар менамояд.
Инчунин бо қарори мазкур намунаи шакли шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ, шакли ҳисобот ва рӯйхати бонкҳои ваколатдор тасдиқ гардид. Ҳамзамон раванди қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони кишвар дар бонкҳо, тартиби пур кардани шакли ҳисоботи оморӣ ва масъалаҳои вобаста ба амалигардонии қонун ба намояндагони бонкҳои ваколатдори кишвар тавзеҳ дода шуд. Иштирокдорон вобаста ба қонуни мазкур ва раванди босамари татбиқи он табодули назар намуданд.
Ҷамолиддин Нуралиев таъкид намуд, ки дар раванди қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳо бояд мутахассисони соҳибтаҷрибаи бонкҳо ҷалб гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, махсусан дар минтақаҳои дурдасти кишвар ҷоннок карда шаванд.
Аксҳо аз БМТ










Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»






