Дар болои рӯдхонаи Аличори ноҳияи Мурғоб пули муосири мошингузар бунёд мешавад

Август 22, 2021 09:03

ХОРУҒ, 22.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бинокорони Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Шарора» дар болои рӯдхонаи Аличури ноҳияи Мурғоб ба сохтмони пули мошингард оғоз намуданд. Дарозии ин пул каме бештар аз 58 метр буда, иқтидори борбардории он то 100 тонна аст. Маблағгузории тарҳи мазкурро Бонки ҷаҳонӣ бар уҳда гирифта, мутахассисони ширкати чинии «Чайна роуд» низ дар бунёди ин пул ширкат меварзанд.

Тавре сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Гулаёз Рамазонов ба мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, “пули кӯҳнаи мошингардро аввали солҳои ҳафтодуми асри гузашта сохта буданд, ки ҳамагӣ то 15 тонна қувваи борбардорӣ дошт.

Дар замони шӯравӣ мошинҳои пуриқтидори боркашонӣ дар ҳудуди кишвар  кам буданд, илова бар ин  дарозии пул ҳамагӣ 25 метр буд, аз ин рӯ пули кӯҳна ба муддати тӯлонӣ аз истифода набаромад. Аммо пас аз боз шудани роҳи Кӯлоб-Дарвоз-Мурғоб-Кулма мошинҳои пуриқтидор бо беш аз 60 тонна бор аз болои ин пул убур мекарданд, ки дар натиҷа ба таҳкурсии он асари манфӣ расид”.

Ҳоло ин пул дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва зарурати фавран бунёд намудани пули нави мошингард ба миён омад. Ҳоло кор бо суръат ва сифати хуб идома дорад. Тамоми намудҳои зарурии масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили оҳану семент ва чӯбу тахта ба маҳали сохтмон интиқол дода шуданд. Ба мақсади сари вақт таъмин кардани коргарон бо бетон дар ин ҷо корхонаи хурди бетонбарорӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

Дар доираи лоиҳаи устуворсозии иншооти ҳаётан муҳим баҳри тобоварӣ ба ҳодисоти табиӣ, ки аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, дар  деҳаҳои Башгумбез ва  Кӯҳнақурған боз бунёди чор пули мошингузар дар назар дошта шудааст.

АКСҲО: АМИТ “Ховар”

Август 22, 2021 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд