Дар дараи Ромит бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ саёҳати оммавии кӯҳгардӣ доир гардид

Август 23, 2021 15:59

ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 21-22 август бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи зебоманзари сайёҳии дараи Ромит саёҳати оммавии кӯҳгардӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ “Ховар”бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе.

Саёҳати мазкур бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, бахусус сайёҳии кӯҳгардӣ, табобативу солимгардонӣ ва экологию варзишӣ доир карда шуд.

Дар саёҳати оммавии кӯҳгардӣ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе, ширкатҳои сайёҳӣ, устодони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, мутахассисони соҳаи кӯҳнавардӣ, блогерон, ҷавонони касбу кори гуногун ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Дар қисмати аввали 21 август ба иштирокчиёни саёҳат тибқи барномаи тасдиқгардида аз ҷониби мутахассисон тартиби сайру гашт дар шароити кӯҳсор фаҳмонида шуда, техникаи бехатарӣ дар шароити кӯҳ ва таҷҳизоти саёҳат намоиш дода шуд. Ҳамзамон дар нимаи дуюми рӯз иштирокчиён дар хатсайри Арху ба масофаи 4 километр ба саёҳати кӯҳгардӣ машғул гардиданд. Инчунин дар ҷараёни баргузории он барои иштирокчиён бозиҳои гуногуни шавқовари зеҳнию варзишӣ, аз қабили шашка, шоҳмот, футбол ва ғайра ташкил шуданд.

Дар қисмати расмии саёҳати кӯҳгардӣ дар кӯҳҳои Арху муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода расман хатсайри нави сайёҳии “Душанбе-Ромит-Арху”-ро муаррифӣ намуданд.

Зикр гардид, ки 93 фисади Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва имрӯз мақсади аксари сайёҳоне, ки ба кишвар ворид мешаванд, шиносоӣ бо табиати зебо, нотакрор ва кӯҳҳои сарбафалаккашидаи ватани мо мебошад. Аз иштирокчиёни саёҳат, бахусус ширкатҳои сайёҳӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар муаррифии имконияти сайёҳии кишвар саҳм гузоранд ва хатсайри нави сайёҳиро дар барномаҳои худ ҷойгир намуда, меҳмонони дохилию хориҷиро ба хатсайри мазкур сафарбар намоянд.

Минбаъд низ чунин саёҳатҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пайваста баргузор карда мешаванд.

Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Август 23, 2021 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд