Дар Душанбе ҷаласаи шашуми вазирони кишоварзии кишварҳои узви СҲШ доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 август дар Душанбе дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ барои солҳои 2020-2021 ҷаласаи шашуми вазирони кишоварзии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) тариқи маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати байналмилалии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа роҳбарони сохторҳои амнияти озуқаворӣ, байторӣ, фитосанитарӣ ва карантинии растанӣ тариқи онлайн иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои ҳолати амнияти бехатарии озуқаворӣ дар давраи бемории ҳамагири СОVID-19, дастгирии лоиҳаи муштараки сарони кишварҳои узви СҲШ оид ба таъмини бехатарии озуқаворӣ, тасдиқи Консепсияи таъсиси пойгоҳи намоишии СҲШ оид ба мубодила ва омӯзиши технологияҳои кишоварзӣ ва тасдиқи Нақшаи иҷрои амалии ёддошти тафоҳум байни ниҳодҳои ваколатдори кишварҳои узви СҲШ оид ба ҳамкории техникӣ дар соҳаи пешгирии муштарак ва назорати бемориҳои эпизоотии фаромарзӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки пандемия ба системаҳои озуқаворӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар минтақаи СҲШ, таъсир расонид. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коҳиш додани таъсири манфиӣ баъзе чораҳоро андешида, барои пурра таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ба кишоварзон имтиёзҳо пешбини гардидааст.
Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони ҳайатҳо Консепсияи таъсиси пойгоҳи намоишии СҲШ оид ба мубодила ва омӯзиши технологияҳои кишоварзиро тасдиқ намуда, нашри онро дар самтҳои мутақобилан мувофиқи принсипҳои ихтиёрӣ ва баробарӣ истиқбол карданд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»











Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






