Дар Душанбе барномаи мобилии «Соҳибкор» муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 25.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» бо иштироки ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, соҳибкорони ҷавон ва намояндагони бахши хусусӣ Барномаи мобилии «Соҳибкор» ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар муаррифӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зикр шуд, ки барномаи мобилии «Соҳибкор» чун махзани иттилоотии дастгирии давлатии соҳибкорӣ хизмат намуда, истифодабарандагон метавонанд маълумотро доир ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, нақшаи санҷишҳои мақомоти санҷишӣ ва сохтори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тариқи электронӣ дастрас намоянд.
Барномаи мобилии «Соҳибкор» бо таклифу пешниҳодҳои иштирокчиён такмил дода шуда, рӯзҳои наздик дар барномаҳои Play Market ва AppStore нашр карда мешавад.
Аксҳо аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ











Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд






