Дар Душанбе даври чоруми маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба нақши китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.08.2021 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» даври чоруми маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» баргузор гардид.
Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба дастгоҳи КИМ ҲХДТ хабар медиҳад, маҳфил-озмун бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардида, онро муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода ифтитоҳ намуд.
Донишҷӯён дар маҳфил-озмуни мазкур эссе ва хонандагон нақли хаттӣ пешниҳод намуданд.
Ногуфта намонад, ки дар даври сеюми маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” дар шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи марказ 400 нафар иштирок намуда, 48 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар оилаи мамлакат доир мегардад.
Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар дар давраи ихтилофи сиёсӣ дар замони муосир, анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон, таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ, ватанпарастии ҷавонон, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон ба андӯхтани илму дониш, ҳифзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ ва парвариши инсони комил ҳадафҳои асосии маҳфил-озмуни мазкур ба шумор мераванд.
Пагоҳ, 20 август дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва коршиносон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад.
Маросими ҷоизасупории маҳфил-озмун дар конференсия сурат хоҳад гирифт.
АКСҲО аз дастгоҳи КИМ ҲХДТ











Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






