Дар Душанбе даври чоруми маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба нақши китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров доир мешавад

Август 17, 2021 13:36

ДУШАНБЕ, 17.08.2021 /АМИТ«Ховар»/. 19 август дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” даври чоруми маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” баргузор мегардад.

Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба дастгоҳи КИМ ҲХДТ хабар медиҳад, маҳфил-озмун бахшида ба  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир мегардад.

Маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар оилаи мамлакат доир мегардад.

Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар дар давраи ихтилофи сиёсӣ дар замони муосир, анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон, таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ, ватанпарастии ҷавонон, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон ба андӯхтани илму дониш, ҳифзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор  намудани ҳисси худшиносии миллӣ,  таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам  намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ ва парвариши инсони комил ҳадафҳои асосии маҳфил-озмуни мазкур ба шумор мераванд.

Ҳамчунин 20 август дар толори Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва коршиносон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад.

Маросими ҷоизасупории маҳфил-озмун дар конференсия сурат хоҳад гирифт.

 

АКС аз дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Август 17, 2021 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид