Дар Душанбе даври интихобии олимпиадаи байналмилалӣ дар самти робототехника «WRO-2021» доир гардид

Август 23, 2021 10:18

ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  22 август дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи рақами 3 барои хонандагони болаёқати пойтахт бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври интихобии олимпиадаи байналмилалӣ дар самти робототехника «WRO-2021» баргузор гардид, ки иштирокчиёни он аз рӯйи синн ба се гурӯҳ – кӯдакони аз 10 то 12-сола, наврасони 13-15-сола ва аз 16 то 19-сола ҷудо гардиданд. Ғолибон ва ҷоизадорони олимпиадаи байналмилалии «WRO-2021»  бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ  шуданд.

Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, олимпиадаи байналмилалӣ дар самти робототехника «WRO-2021» дар ҳамкорӣ бо Мактаби байналмилалии робототехника «Лигаи роботҳо» ва Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардид.

Даври интихобии олимпиадаи мазкур бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳои эҷодкоронаи хонандагон, афзудани шавқмандии онҳо ба фаъолияти илмӣ-техникӣ, ҳалли вазифаҳои мубрами фаннӣ-инженерӣ, баланд бардоштани ҳайсияти касбҳои марбут ба соҳаи фановариҳои иттилоотӣ миёни ҷавонон, ҷалби таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба навовариҳо ва технологияҳои муосири иттилоотӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои дастгирии кӯдакони лаёқатманд дар соҳаи робототехника гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳар сол дар Тоҷикистон барои дарёфти кӯдакони лаёқатманд ва муаррифии истеъдодҳои кашфношуда дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самти робототехника баргузор мешаванд.

 АКСҲО аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Август 23, 2021 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд