Дар Душанбе доир ба рушди ҳуқуқи инсон дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Август 21, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 21.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 август бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди ҳуқуқи инсон дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд.

Дар конференсия Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  Умед Бобозода аз паҳлуҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва тақвияти сулҳу суботи ҷомеа ёдовар шуда, афзуд, ки Истиқлол ва мавҷудияти аркони давлатдорӣ ба Тоҷикистон имкон дод то дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардад ва ташаббусҳои Роҳбари давлат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, ҳамовозию дастгирӣ ёбанд.

Иштирокчиёни чорабинӣ аз таърихи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, мушкилиҳо ва дастовардҳои он ёдовар шуда, зикр доштанд, ки дар таҳкими минбаъдаи Истиқлол ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад.

Дар ҷамъомад муовини Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқии инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Орзузода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлудахон Зайнӣ, Роҳбари Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Осама Макавӣ ва намояндагони як қаттор вазорату идораҳои дигари ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои минтақавию байналмилалӣ бо мавзӯъҳои мушаххаси марбут ба масъалаи рушди ҳуқуқи инсон дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баромад намуданд. Қайд гардид, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон низоми комили ҳифзи ҳуқуқи инсон ташкил карда шуда аст. Дар сатҳи Конститутсия муқаррар карда шуд, ки инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф шуданд. Сипас иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба мазмун ва муҳтавои маърӯзаҳои ироашуда, мулоҳизаронӣ намуданд.

                   АКС аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ

Август 21, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад