Дар Душанбе масъалаи дастгирии молиявӣ ва моддӣ-техникии Агентии назорати маводи нашъаовар баррасӣ гардид

Август 11, 2021 16:29

ДУШАНБЕ, 11.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ҷиҳати дастгирии молиявӣ ва моддӣ-техникии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коркарди лоиҳаву барномаҳо 10 август зимни мулоқоти директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва роҳбари нави Дафтари барномавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафо Юнал Эртен баррасӣ гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар хабар медиҳад.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи хуби ҳамкории судманд дар самти назорати маводи нашъаовар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамзамон ҷараёни татбиқи Нақшаи ҳамкории муштараки байни Агентӣ ва Дафтари барномавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба такмили тахассуси кормандони Агентӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушду тақвияти ҳамкориҳои судманд дар самти такшили муқовимат ба экстремизм ва терроризм, коррупсия, савдои одамон, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона изҳор намуданд.

 

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Август 11, 2021 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад