Дар Душанбе таҳти унвони «Беҳтарин лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон» Форуми байналмилалии ҷавонон доир шуд

Август 28, 2021 09:51

ДУШАНБЕ, 28.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 август дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Беҳтарин лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон» бо ҷалби соҳибкорони ҷавони давлатҳои аъзои СҲШ ва ИДМ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай ва Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ Форуми байналмилалии ҷавонон  баргузор гардид, иттилоъ доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ҳадаф аз баргузории Форум — имкони татбиқи ҳамгироии иқтисодии ҷавонон, мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ миёни соҳибкорони ҷавони тоҷик бо дигар мардуми олам ва имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар форуми мазкур роҳбарияти ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, номояндагони сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе, спикерон, коршиносон аз кишварҳои узви ИДМ, СҲШ ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Пеш аз оғози кори Форум иштирокчиён аз намоиши лоиҳаҳои инноватсионии соҳибкорони ҷавон дидан намуданд.

Сипас Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода Форумро оғоз намуд.

Зикр гардид, ки тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии меҳнат, дар кишварҳои рушдкунанда 223 миллион нафар ҷавонони синни 14-24  бекор ё қисман бекор мебошанд. Рушди соҳибкорӣ, махсусан дар байни ҷавонон, созмон додани ҷойҳои кории нав ба яке аз самтҳои афзалиятнок дар аксар кишварҳои рушдкунанда табдил ёфтааст.

Барои таҳрик додан ва мусоидат намудан ба соҳибкорӣ миёни  ҷавонон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ЮНИСЕФ мақсад гузошт, ки ҷиҳати мубодилаи дониш, ғояҳо ва таҷриба барои ҷавонон аз 13 кишвар чунин Форумро роҳандозӣ намояд.

Бояд гуфт, ки имсол дар давраи раиси мақоми ваколатдори соҳа дар Шӯрои ҷавонони СҲШ ва Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилатадбирҳо барои таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз қабили баргузории ниммарафони байналмилалии СҲШ дар шаҳри Душанбе, Форуми байналмилалии ҷавонон «Ояндаро бо ҳам месозем», Фестивали байналмилалии «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» ва Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардиданд.

Дар Форум намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Осама Макави, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Анварӣ, раиси Кумитаи рушди сайёҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир оид ба нақши ҷавонони соҳибкор сухан гуфтанд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Август 28, 2021 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Душанбе конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор шуд
Рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва CIPE баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласа оид ба таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои СММ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти мансабдорони аршади CAREC-2026 дар Улан-Батор иштирок менамояд