Дар Хатлон бо ташаббуси КИ ҲХДТ иншооти замонавӣ мавриди истифода қарор мегиранд

Август 24, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар қатори дигар ташкилоту муассисаҳо ташаббус нишон дода, бунёди манзили нави истиқоматии сокини деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон Кароматулло Розиқовро бар уҳда гирифта, пеш аз муҳлат ба истифода доданд, иттилоъ доданд аз  шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки манзили зисти ин сокини ноҳия 11-12 май бар асари сел пурра валангор гашта буд.

Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ифтихормандӣ аз 30-солагии Истиқлоли давлатӣ пайваста бо саҳми фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иншооти замонавӣ мавриди истифода қарор гирифта, сокинон сарҷамъона ба корҳои ободонӣ машғуланд.

Дар сохтмони манзили истиқоматии сокини деҳаи Иттифоқ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия 130 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Масолеҳи асосии сохтмони биноҳои нави сокинони зарардида, аз қабили тахта, шифер, семент, арматура бо кумаки Сарвари давлат таъмин гардида, дар корҳои сохтмонии ин бинои истиқоматӣ   кормандони кумитаи иҷроияи мазкур ва волонтёрони он саҳми назаррас гузоштанд. Сохтмони хонаҳои нави дигар сокиноне, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ манзилҳои зисташон пурра хароб гардида буд, бо маром идома дошта, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамаи онҳо бо манзилҳои нав таъмин мешаванд.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои судманд ба сомон мерасонанд.

Дар деҳаи “Роҳи Сотсиализм”-и Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳия аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Самандар Ҳақов дорухона ба истифода дода шуд. Дар ифтитоҳи иншооти мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафармуҳаммад Раҳимзода ва намояндаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абӯбакр Сафарзода иштирок доштанд.

Ҳамчунин   дар маҳаллаи Мирзоободи ноҳия майдончаи варзишии замонавӣ бо 100 ҷойи нишаст дар масоҳати 800 метри мураббаъ бо маблағи умумии беш аз 300 000 сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Шаҳбоз Абдусаломзода ба истифода дода шуд.

Бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадаюб Шарифзода бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар деҳаи Зиракии Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов барои мардуми деҳа бунгоҳи тиббӣ ва таваллудхона ба истифода дода шуд. Ҳамчунин дар доираи ин бунёдкориҳо   2000 метри мураббаъ роҳи мошингарди Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов  пурра асфалтпӯш карда шуд.

Ҳизбиёни вилояти Хатлон сарҷамъона баҳри созандагиву бунёдкорӣ камари ҳиммат бастаанд, то  ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ истиқбол намоянд ва ба ин восита дар пешрафти Ватани азиз саҳми намоён гузоранд.

АКСҲО: КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Август 24, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия форуми ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Варзоб 143 иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шудаанд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи Ҳисор биноҳои иловагии се муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешаванд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ПИРӮЗИИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Андешаҳо дар мавриди соҳибистиқлолии Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд