Дар Хуҷанд партовҳоро ба навъҳо ҷудо мекунанд
ДУШАНБЕ, 04.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бунёди корхонаи коркарди партов ба нақша гирифта шудааст. Дар робита ба ин бо супориши роҳбарияти шаҳри Хуҷанд маконҳои партовгузорӣ бо қуттиҳои ҷамъоварии намудҳои гуногуни партов таъмин гардиданд. Шаҳрвандон минбаъд партовҳоро мувофиқ ба таъйиноти қуттиҳо, ба мисли хокрӯба, зарфҳои шишагию пластикӣ, оҳан, меваю сабзавот ва ғайраҳо мегузоранд, ки ин барои ба навъҳо ҷудо намудани партов мусоидат мекунад.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Аз ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» аллакай 120 намуди чунин қуттиҳо дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр гузошта шудаанд. Дар шаҳри Хуҷанд 175 нуқтаи партов бо 780 адад қуттӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза аз ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» партовҳо бароварда мешаванд.
Инчунин КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ҳамарӯза дар хизмати шаҳрвандон ва идораву ташкилоти шаҳр қарор дошта, дар самти тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри Хуҷанд аз тамоми имконият истифода менамоянд.
АКС аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






