Дар Исфара ба оилаҳои шаҳидони муноқишаҳои марзӣ замини наздиҳавлигӣ дода шуд

Август 27, 2021 08:12

ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба 10 оилаи шаҳидони муноқишаҳои наздисарҳадии 28-29 апрел рухдода аз шаҳри Исфара қитъаҳои наздиҳавлигӣ дода шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд.

Тадбири мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рӯйи кор омада, ба дастгирии оилаҳои шаҳидони муноқишаҳо равона гардидааст. Қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба 8 оила аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, 1 оила аз Ҷамоати деҳоти Ворух ва 1 оила аз Ҷамоати деҳоти Сурх дода шуда, инчунин варзишгари номӣ Муҳаммадхӯҷа Ёқубов ва 2 оилаи камбизоат низ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз шаҳри Исфара таъмин карда шуданд.

Бояд гуфт, ки вазъи оилаҳои дар муноқишаҳои наздисарҳадӣ зарардидаву шаҳидгардида, раванди таҳсили фарзандони онҳо пайваста зери назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, хосса раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода қарор дорад.

-Мо, — мегӯяд яке аз ҷабрдидагони оилаҳо дар муноқишаҳои наздисарҳадӣ Раҳматҷон Ниёзов, — аз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода миннатдор ҳастем. Зеро дар лаҳзаҳои вазнин дар паҳлуи мо буданд ва кумак намуданд. Бо иқдоми бевоситаи шаҳрдорӣ аз шаҳри Исфара замини наздиҳавлигӣ доданд. Ин далели он аст, ки Ҳукумати кишвар ғамхори мардум аст. Мадад расонидан  ба оилаҳои шаҳидгаштаи муноқишаҳои марзӣ, кумаки молию пулӣ ба онҳо, дар муддати кӯтоҳ бунёди хонаҳои замонавӣ барои оилаҳои зарардида дар деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аъло, бо саҳми соҳибкорону нафарони ватандӯст тадбирандешӣ дар ҳалли мушкилоти аҳолии наздимарзӣ аз ҷумлаи амалҳоест, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шиори доимии худ қарор додааст.

-Додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ин охири кор нест, — мегӯянд масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. – Дар назар аст, ки минбаъд низ бо ҷалби захираҳои дохилӣ, қувваи соҳибкорону ватанпарастон ба оилаҳои ҷабрдидаи муноқишаҳо кумак расонида шавад. Таҳсили фарзандони ин оилаҳо бевосита зери назари роҳбарияти шаҳр аст. Зимни суҳбат бо аҳли оилаи фавтидагон Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода иброз намуд, ки қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 27, 2021 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд