Дар Истаравшан беҳтарин китобхон ва донандаи осори адибони классику муосирро муайян мекунанд

Август 13, 2021 09:27

ДУШАНБЕ, 13.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни фархундаи миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани завқи бадеӣ, тарғибу ташвиқи китоб ва китобхонӣ дар  байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ озмунҳои “Беҳтарин донандаи осори адибони классик ва муосир” ва “Беҳтарин китобхон” гузаронида мешаванд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матботи Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Озмун миёни хонандагони синфҳои 1-4, 5-6 ва 10-11 гузаронида шуда, хондан ва аз худ кардани шеърҳо ва китобҳои бадеӣ аз шартҳои асосии он мебошанд.

Ғолибони озмун бо Ҷоми раиси шаҳри Истаравшан ва беҳтаринҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.

Озмун 18 сентябри соли 2021 дар толори Қасри фарҳанги шаҳр баргузор мешавад.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 13, 2021 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид