Дар Истаравшан даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардида, 48 нафар довталабон ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Дар маросими қадрдонӣ раиси шаҳри Истаравшан, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати маорифи вилояти Суғд иштирок дошта, ба ғолибони озмун сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ, аз ҷумла, ба ғолибони ҷои аввал 700 сомонӣ, ҷои дуюм 350 сомонӣ ва ҷойи сеюм 200 сомонӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 26 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим намуданд, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба АМИТ «Ховар».
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал аст, ки дар мамлакат баргузор мегардад.
Дар даври аввали озмуни мазкур аз рӯи 5 номина 1147 нафар довталабон иштирок намуданд. Тибқи талаботи Низомномаи озмун аз байни онҳо 48 нафар ғолибон муайян карда шуданд.
Ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ изҳор доштанд, ки дар озмунҳои навбатии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд ва нуфузу эътибори шаҳри бостонии хешро боз ҳам баланд мебардоранд.
Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд






