Дар Маркази тиҷоратии «Ҳисор» ярмаркаи мактабӣ ташкил гардид

Август 18, 2021 15:05

ДУШАНБЕ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо ҷалби корхонаҳои дӯзандагии шаҳр дар назди Маркази тиҷоратии «Ҳисор», ки бо номи «БИ-1» машҳур аст, ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ташкил гардид. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Дар ярмарка корхонаҳои дӯзандагии «Нури ирфон» ва «Даҳбед» либосҳоеро, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мактаббачагон тавсия додааст, дар шакли шинаму зебо пешниҳоди харидорон менамоянд. Намояндагони корхонаҳои мазкур барои интихоби дуруст ба волидайн маслиҳат дода, либосҳои мақбулашонро дастрас мекунанд.

Ба андешаи савдогарон ва волидайни мактаббачаҳо, либосҳое, ки корхонаҳои дӯзандагӣ имсол омода намудаанд, аз ҷиҳати сифат нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар буда, нархҳояшон низ қобили қабули харидоронанд.

Ярмаркаи мактабӣ ҳамарӯза фаъолият карда, то оғози соли нави таҳсил идома меёбад.

     Акс аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Август 18, 2021 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад