Дар Москва Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ бо Сафири Тоҷикистон дар Русия мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 12.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 август Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов бинобар ба охир расидани рисолати дипломатияш мулоқот кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Зимни суҳбати дӯстона ҷанбаҳои гуногуни иштироки Душанбе дар ҳамкории ҳамгироӣ дар доираи ИДМ баррасӣ шуданд.
Раиси Кумитаи иҷроия саҳми Тоҷикистонро дар рушди Иттиҳод дар муддати раёсати ҷумҳурӣ дар ИДМ дар соли 2018 баҳои баланд дода, ба Имомуддин Сатторов барои иштироки фаъолонаи шахсии ӯ дар татбиқи лоиҳаҳои ҳамкории башардӯстона дар доираи Иттиҳод изҳори сипос намуд. Нақши назарраси Имомуддин Сатторов ҳамчун Намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ дар таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ҷумҳурӣ бо кишварҳои узви ИДМ низ тазаккур дода шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ ба Имомуддин Сатторов дар вазифаи нав муваффақият таманно кард.
Барои маълумот
Имомуддин Сатторов аз 15 майи соли 2014 Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия буд. Ӯ ҳамзамон ба ҳайси Намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ фаъолият мекард.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2021 Сатторов Имомуддин Мирзоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон ва Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шуд.
Соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати ИДМ-ро бар ӯҳда дошт.








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд






