Дар ноҳияи Муъминобод мавсими хушконидани мева ҷараён дорад

Август 16, 2021 15:52

МУЪМИНОБОД, 16.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкор Нодирхон Сафаров ва шариконаш дар ноҳияи Муъминобод давоми 10 рӯзи оғози мавсими мевахушккунӣ тавонистанд беш аз 20 тонна меваро ба таври табиӣ хушконанд. Онҳо  кӯшиш доранд то охири мавсим фаъолияташонро идома дода, дар беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили имсолаи боғҳои ноҳия саҳм гузоранд ва содироти маҳсулотро аз қаламрави ноҳия афзоиш диҳанд. Меваҳои хушконида ба вилояти Суғд интиқол ёфта, баъди коркарду банду баст ба Федератсияи Русия, Беларус ва дигар давлатҳо содирот карда мешаванд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, имрӯзҳо дар ноҳияи Муъминобод соҳибкорон баҳри беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили себу нок ва дигар намуди меваҷот бо хоҷагиҳо шартнома баста, онро ба хориҷи мамлакат содирот менамоянд.   Дар хориҷи кишвар талабот ба меваи хушки Тоҷикистон зиёд буда, соҳибкорон кӯшиш менамоянд  меваи хушкро ба таври муосир банду баст ва содирот кунанд.

Ин тадбир ҳавасмандии боғдоронро зиёд намудааст ва онҳо имкон доранд меваи расидаи боғҳояшонро пурра ба савдо бароварда, фоидаи хуб ба даст оранд. Аз ҷониби дигар, сокинон ба хушконидани мева ҷалб гардида, соҳиби ҷои кори мавсимӣ мешаванд.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»

Август 16, 2021 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем