Дар ноҳияи Спитамен бунёд ва таҷҳизи корхонаҳои саноатӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ноҳияи Спитамен ҷараёни бунёд ва васлу насби таҷҳизотро дар корхонаҳои навтаъсиси «Шири Спитамен» ва коргоҳи истеҳсоли сачоқ ва хилъати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «25-солагии Истиқлолият» мавриди таваҷҷуҳ қарор дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Корхонаи коркарди шир аз ҷониби ҶСП «Комбинати шири Душанбе» сохта шуда, маблағи умумии сармоявӣ 7,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур коркарди 20 тонна шир дар як баст, аз ҷумла 1 тонна шири хушк дар як шабонарӯз ба ҳисоб меравад.
Коргоҳи истеҳсоли сачоқ ва хилъат аз ҷониби ҶДММ «Органик-Ян» таъсис ёфта, дар марҳилаи аввал дар он то 150 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд. Таҷҳизоти истеҳсолии коргоҳ аз Туркия ва Корея ворид карда шуда, аз нахи пахтаи дар корхонаи «Органик-Ян» истеҳсолшаванда маҳсулоти тайёр омода ва ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ бароварда хоҳад шуд.
Барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо раиси вилоят ба масъулин тавсияҳо дода, таъкид кард, ки иншооти ҷашнӣ дар муҳлати пешбинишуда бояд омода карда шаванд.
Сипас раиси вилоят бо вазъи омодагии корхонаҳои коркарди пахта, аз ҷумла ҶСП «Деҳқон» ва ҶДММ «25-солагии Истиқлолият» шинос шуда, барои пурра ба мавсими нав омода намудани корхонаҳои коркарди пахта супоришҳо дод.
АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






