Дар шаҳри Бӯстон бинои бахши ҳифзи муҳити зист ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бинои нави бахши ҳифзи муҳити зист ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Бинои бахш аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ, китобхона ва утоқи таҷҳизоти назорати аналитикӣ ҷойгир шудаанд. Маҷлисгоҳ бо 52 ҷойи нишаст, китобхона барои 1000 адад китоби адабиёти гуногун ва бо компютер таҷҳизонида шудааст, ки дар он китобхонаи электронӣ насб гардидааст.
Утоқи таҷҳизоти назорати аналитикӣ бо 8 адад дастгоҳ барои ченкунии сифати ҳавои атмосфера, об, хок ва радиатсия ҷиҳати гузаронидани мониторинги экологӣ истифода карда мешавад.
Дар ошёнаи дуюм – қабулгоҳ, утоқи кории мудири бахш ва сармутахассис, ҳамчунин ду адад утоқи корӣ барои мутахассисон ва бойгонӣ ҷойгир мебошанд.
Ҳамаи ин утоқҳои корӣ бо лавозимоти зарурӣ барои фаъолияти мутахассисон, аз ҷумла 4 адад компютер ва принтер таҷҳизонида шудаанд.
Ошёнаи сеюм барои кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист чун меҳмонхона хизмат намуда, аз чор ҳуҷра иборат мебошад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






