Дар шаҳри Хуҷанд аввалин филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид

Август 17, 2021 13:27

ДУШАНБЕ, 17.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 август Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аввалин филиали худро ифтитоҳ намуд. Дар ин бора аз шуъбаи матбуот ва рекламаи КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Зимни маросими ифтитоҳи бинои филиали бонк Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон  ва роҳбарони раёсат иштирок намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуд, ки дар муддати як соли фаъолият роҳбарияти «Саноатсодиротбонк» якчанд пешниҳоди вилоятро ҷиҳати дастгирии бештари соҳибкорони минтақа  пазируфтанд ва ҳамкорӣ бо ин бонки давлатӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Имрӯз бонк ҳамчун сармоягузори дохилӣ фаъолияти худро ба дастгирӣ намудани соҳибкорони истеҳсолии мамлакат равона намудааст ва соҳибкорони Суғд низ фаъолияти худро аз ҳисоби маблағҳои қарзии бонки мазкур ба роҳ мондаанд.

Меҳмонон ва иштирокчиён аз шароити кори филиали бонк дидан намуданд.

Дар филиали бонк 18 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, ки  қисмати зиёдашон занҳо ба ҳисоб мераванд.

Раиси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшо Бобозода зикр намуд, ки барои боз ҳам дар амал татбиқ намудани сиёсати Пешвои муаззами миллат ҷиҳати саҳм гузоштан  ба ҳадафи чаҳоруми стратегии кишвар-саноатикунонии босуръат филиали бонк дар вилояти Суғд тамоми талоши худро равона мекунад. Инчунин «Саноатсодиротбонк» барои боз ҳам бештар дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ дар манотиқи гуногуни мамлакат,  бахусус вилояти Суғд, ки яке минтақаҳои бузурги рушди саноат ва содирот дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, филиалҳои бонкии худро бештар менамояд. «Саноатсодиротбонк» то охири соли равон нақша дорад, ки дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ боз се филиал таъсис диҳад.

КВД БССТ «Саноатсодиротбонк»  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 дар заминаи Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст. Бонк 23 октябри соли 2020 соҳиби иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон гардида, баъди гирифтани иҷозатномаи БМТ фаъолияти худро дар мамлакат бо пешниҳоди тамоми хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ миёни мизоҷон роҳандозӣ намуд.

 

АКС аз КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» 

Август 17, 2021 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст