Дар шаҳру ноҳияҳои Суғду Хатлон овезаҳои тарғиботӣ бо навиштаҷоти экологӣ насб гардиданд
ДУШАНБЕ, 12.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон шиорҳои тарғиботии марбут ба ҳифзи муҳити зист ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» насб гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Мақсад аз насби шиорҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист тарғиби ҳадафҳои рушди устувори экологӣ баҳри амалигардонии «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мебошад.


Бояд тазаккур дод, ки насби овезаҳои тарғиботӣ бо навиштаҷоти экологӣ дар саросари ҷумҳурӣ на танҳо намои шаҳру навоҳии мамлакатро зеботар менамояд, балки барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дар ҳифзу нигоҳдории муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ мусоидат мекунанд.
Дар ояндаи наздик насби овезаҳои тарғиботӣ бо навиштаҷоти экологӣ дар шаҳру навоҳии тобеи марказ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба роҳ монда мешавад.
АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ










Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






