Дар Суғд беш аз 23 ҳазор нафар дар аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил», ки дар миқёси вилоят доир шуданд, беш аз 23 ҳазор нафар кормандони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳо, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо ва шаҳрвандон фаъолона иштирок намуданд, хабар додааст АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар ҷараёни аксияҳо корҳои тоза намудани ҷӯйбор, заҳбуру заҳкаш — 25,3 км, қадди роҳҳо аз партовҳо — 53,7 км, заҳбуру каналҳо — 300 м, таъмири роҳравҳо — 3 км, сафед намудани дарахтон — 1236 бех, тоза намудани майдонҳо — 4 км амалӣ гардида, 126,4 метри мукааб хошоку ифлосиҳо ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аксияҳои гуногуни экологии оммавӣ идома доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






