Дар Суғд маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2000-ум 44,3 маротиба афзоиш ёфт

Август 28, 2021 09:44

ДУШАНБЕ, 28.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ зиёд гардида, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ дар истеҳсолот таъсис ёфта, истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулот роҳандозӣ карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, сохтмону алоқа, савдою хизматрасонӣ таъмин гардида, дар давраи истиқлолӣ нишондиҳандаҳои  иқтисодӣ, хусусан баъди соли 1997 тамоюли рушд гирифт.

Аз солҳои аввали истиқлоли ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини устувории макроиқтисодӣ масъалаҳои таъмини пойдории асъори миллӣ, боздоштани беқурбшавии он, тадриҷан паст кардани таваррум,  тақвияти бозори истеъмолӣ ҳамчун омили асосии таъмини рушди бемайлони иқтисодиёт, таҷдиди сохтори соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, такмили соҳаи буҷети давлатӣ, самаранок намудани фаъолияти мақомоти андозу молия ва бо ин роҳ тадриҷан баланд бардоштани даромади буҷет, таъмини мақсадноки хароҷоти маблағҳо, сол ба сол афзоиш ёфтани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзалияти асосӣ дониста шуда, барои татбиқи ин ҳадафҳо дар вилоят тӯли солҳои 1991-2020 тамоми захираву имкониятҳо сафарбар карда шуданд.

Таъмини рушди бахши воқеӣ ҳамчун соҳаи пешбарандаи иқтисодиёт дар мадди аввал қарор дода шуд. Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, сохтмону алоқа, савдою хизматрасонӣ таъмин гардида, дар давраи 10 соли охир нишондиҳандаҳои  иқтисодӣ ба марҳилаи рушди бонизом  тамоюл карданд.

Дар натиҷаи андешидани силсилатадбирҳо маҷмӯи маҳсулоти  минтақавӣ дар соли 2020 ба 21,6  млрд. сомонӣ баробар гашта, нисбат ба соли 2000 – 44,3 маротиба  ва нисбат ба соли 2010 —  3,8 маротиба афзуд.

Дар давраи истиқлол дар доираи татбиқи 73 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ  дар вилоят беш аз 1,1 млрд. доллари ИМА аз худ карда шудааст.

Ба ҳолати 1 июли соли 2021 дар вилоят 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодаанд, ки маблағи умумии дар доираи онҳо  то инҷониб азхудшуда 201,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар давраи солҳои 2007 — 2021 ба иқтисодиёти вилоят 3,042 млрд. доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз онҳо 2,042 млрд. доллари ИМА сармоягузории мустақимро ташкил медиҳад.

Соҳибкорӣ меҳвари рушди  устувори  иқтисодиёт буда, ба ҷараёни инноватсионӣ ва пешравии илмиву техникӣ суръат  бахшида истодааст.

Ба ҳолати 1 июли соли 2021 шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар вилоят 113092 нафарро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 10786 нафар ва нисбат ба соли 2009 қариб 19 маротиба зиёд мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 28, 2021 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд