Дар Тоҷикистон низоми омори сайёҳӣ бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ такмил дода мешавад

Август 25, 2021 08:21

ДУШАНБЕ, 25.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон низоми омори сайёҳӣ бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ такмил дода мешавад. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи ҷамъбастии гурӯҳи корӣ оид ба такмили омори сайёҳӣ, ки  бо иштироки коршиноси Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ /СҶС/ баргузор гардид, баррасӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода изҳор намуд, ки ҷиҳати такмили омори сайёҳӣ Кумита ҳамкориро бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият дода, дар оянда бо кумаки техникии Бонки Осиёии Рушд ва ҷалби коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ низоми ёридиҳандаи омори сайёҳӣ TSA (Tourism Satellite Account) ҷорӣ карда шавад. Низоми мазкур қисми ёридиҳандаи низоми омори миллӣ буда, нишондиҳандаҳои соҳаро дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муайян хоҳад кард.

Дар кори ҷаласа масъулини Агентии омор, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллӣ ва коршиноси байналмилалии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ самаранокии низоми ёридиҳандаи омори сайёҳиро матраҳ намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки аз ҷониби коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ бо ҷалби вазорату идораҳои марбута, ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ давоми як моҳ машғулияти омӯзишӣ оид ба аҳамияти соҳаи сайёҳӣ, маркетинг ва низоми омори сайёҳӣ гузаронида шуд.

Мавҷуд будани маълумоти омории мукаммал барои сиёсати таъсирбахши давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, қабули қарорҳои дахлдор дар соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба минтақаҳои мамлакат шароити мусоид фароҳам меорад.

Таъкид гардид, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ҷалби доимии сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ дар назди Кумита гурӯҳи кории доимамалкунанда аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуд, ки вазифаи он мукаммал намудани заминаҳои меъёрии омори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар мулоқотҳои роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд низ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, такмили омори сайёҳӣ, ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ бо дарназардошти имтиёзҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат роҳандозишуда масъалагузорӣ мешавад.

Аксҳо аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ

Август 25, 2021 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд