Дар Вазорати молия 21 созишномаи қарзию грантӣ ба имзо расонида шуд

Август 8, 2021 10:57

ДУШАНБЕ, 08.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 931,5 млн сомонӣ ва грантӣ 1163,6 млн сомонӣ, дар маҷмӯъ 2095,1 млн сомонӣ аз худ карда шудаанд, ки ба 121,9 фоизи нақша баробар мебошад. Дар ин бора аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ин ҳисоб, барои рушди соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ- 24,6 млн сомонӣ, мудофиа- 13,4 млн сомонӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҳуқуқӣ- 3,8 млн сомонӣ, маориф- 83,5 млн сомонӣ, тандурустӣ- 75,9 млн сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ- 178,5 млн сомонӣ, фарҳангу варзиш- 8,7 млн сомонӣ, энергетика- 922,5 млн сомонӣ,  кишоварзӣ-  189,3 млн сомонӣ ва  нақлиёт- 594,5 млн сомонӣ равона карда шудааст.

Бо мақсади ҷалби маблағҳои иловагӣ барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ тақвият дода шуда, барои амалӣ намудани лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ 21 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи умумии 410,9 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд.

 АКС аз АМИТ «Ховар»

Август 8, 2021 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд